Вохурии роҳбарияти суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо истиқоматкунандагони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
Суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон, дастуру супоришҳои Раиси Суди Олӣ ва нақшаи кории суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ пайваста суҳбату вохуриҳои судмандро бо истиқоматкунандагони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондааст.
Чунин як вохӯрии судманд санаи 27.05.2025 сол бо истиқоматкунандагони ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки раис, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ шуда гузашт.
Дар вохурии мазкур ба саҳми сокинон муқарраротҳои қонунҳои амалкунанда аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи терроризм”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи экстремизм” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” расонида шуд. Дар охир ба саволҳои иштироккунандагон аз ҷониби раис ва судяҳо ҷавобҳои мушаххас додашуд.