Рузи кормандони макомоти суди муборак.
Муҳтарам судяҳо, кормандони дастгоҳи низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳамасола дар кишвар 26 октябр ҳамчун рӯзи Кормандони мақомоти судӣ ҷашн гирифта мешавад.
Аз фурсати муносиб истифода намуда, тамоми судяҳо ва кормандони низоми судии кишварро ба муносибати иди касбӣ самимона табрик намуда, ба онҳо саломатии бардавом, рӯзгори осуда ва дар фаъолияти минбаъдаашон барору комёбиҳо орзумандам.
Бояд қайд намуд, ки бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар мамлакатамон заминаҳои боэътимоди ташкиливу ҳуқуқӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ дар самти тақвият ва густариши минбаъдаи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла ҳокимияти судию адолати судӣ рӯи кор омаданд. Бояд гуфт, ки дар натиҷаи татбиқи мақсаднок ва бо мароми ислоҳотҳои судӣ-ҳуқуқӣ дар кишвар шароити мусоиду мувофиқ барои фаъолияти хокимияти судӣ дар самти ба амал баровардани адолати судӣ фароҳам оварда шуданд.
Яке аз заминаҳои муҳим ва такон диҳанда дар самти инкишофи низоми судӣ ин қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 ба ҳисоб меравад, ки барои ислоҳотонии ҳокимияти судӣ қадами наверо гузошт.
Махсусан дар моддаи 9-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидани меъёри “Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад”, далели он мебошад, ки аз ин пас ҳокимияти судӣ дар ба амал баровардани ваколатҳои худ яке аз шохаҳои мустақили ҳокимияти давлатӣ мебошад.
Дар шароити кунунӣ ҳадафи стратегии ҷомеаи навини тоҷикон бунёд намудани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти ҷомеа, таҳкими дастовардҳои истиқлолият ва ваҳдати миллӣ, ҳимояи манфиатҳои умумимиллӣ ва ташаккули ҷомеаи воқен шаҳрвандӣ мебошад. Дар ин радиф Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судиро ҳамчун рукни мустақили давлатдорӣ эътироф намудааст, ки он бояд баҳри таҳкими қонуният ва таъмини адолати иҷтимоӣ, сохтмони ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд нақши сазовор дошта бошад.
Воқеан, пойдории давлату ҷомеа ва бақои он ба ҳокимияти судӣ эҳтиёҷ ва пайвастагии ногусастанӣ дорад.
Дар ин замина ин омили муайянкунанда тақозо менамояд, ки пайваста ҳокимияти судӣ таҳким ва густариш ёбад. Дар ташаккулу таҳкими ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини қонунияту адолат дар кишвари мо корҳои зиёде ба сомон расонида шудаанд. Аз ҷумла дар сатҳи конститутсионӣ мустаҳкам гардидани ҳокимияти судӣ ба сифати шохаи алоҳида ва мустақил, инчунин давра ба давра қабул гардидани барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ далели равшани ин гуфтаҳост.
Маврид ба ёдоварист, ки Тоҷикистон дар раванди таърихии рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣқарор дорад. Ин раванд тақозо менамояд, ки рушду нумӯи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дар шароити нави гузариш аз як сохти иҷтимоӣ ба дигар таъмин карда шавад. Дар робита ба ин муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, пеш аз ҳама ба танзими ҳуқуқӣ ва кафолати ҳифзи судӣ эҳтиёҷ доранд. Таҳкими кафолати ҳифзи судии ин муносибатҳои ҷамъиятӣ рушду такомули онҳоро таъмин намуда, барои инкишофу пешравии ҷомеа муҳим ва зарур мебошад.
Дар ин замина марҳила ба марҳила татбиқ шудани ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ва дар доираи он таҳкиму тақвият бахшидан ба сохтор, принсипҳои амалигардонии адолати судӣ, салоҳияту доираи ваколат ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти судӣ, мустаҳкам намудани асосҳои моддию техникӣ, ташкилию ҳуқуқӣ ва беҳтар намудани вазъи ҳуқуқию иҷтимоии судяҳо аз ҷумлаи тадбирҳои самарабахш ба ҳисоб меравад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таҳким ва тақвияти низоми судӣ як қатор чорабиниҳо ва ташаббусҳое гузаронида ва ба вуҷуд омаданд, ки дар рушди ин самт нақши муҳимеро мебозанд. Яке аз муҳимтарин воситаҳое, ки дар ин самт нақши муассир дорад, ин қабули як зумра барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки он асосан аз Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад.
Аз замони ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ то ин замон дар самти фаъолияти ҳокимияти судӣ чор барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣқабул гардидааст, ки баҳри тақвияти густурдаи фаъолияти ҳокимияти судӣ заминаи мусоиде фароҳам оварданд.
Баъди қабулу тасдиқ гардидани барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар кишвар як қатор тағйиротҳои назаррас дар сохтору ҳайат, шаклҳои фаъолият, таъсису ташкили ниҳодҳои нав дар сохтори болоии судҳо ва аз ҳама муҳим қабули қонунҳои нави соҳавӣ дар ин самт ва такмилу тақвияти онҳо ба миён омаданд, ки мо аз натиҷаҳои онҳо дар ҳаёти ҳаррӯза зимни ҳифзи судии ҳуқуқҳоямон ба пуррагӣ огаҳ мебошем.
Бо мақсади такмил додан ва самарабахш гардонидани фаъолияти ҳокимияти судӣ, дар мӯҳлати пешбининамудаи қонун сурат гирифтани муҳокимаи судӣ, саривақт ба роҳ мондани ҷараёни иҷроиши санадҳои судӣ, баланд бардоштани малакаи касбӣ ва зеҳнии судяҳо, кормандони дастгоҳи судӣ, фароҳам овардани шароити моддию техникии судяҳо ва дигар масъалаҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.
Хушбахтона суди ноҳияиҶалолиддини Балхӣ ва ҳайати шахсии он фаъолияти худро дар доираи дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қонунгузории амалкунандаи кишвар ба роҳ монда, дар таҳкиму тақвияти қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва ба амал баровардани адолати иҷтимоӣ нақши назаррас дорад.
Минбаъд низ суди ноҳияи Ҷ.Балхӣ дар татбиқи сиёсати ҳуқуқии кишвар ва ба амал барории адолати судӣ фаъолияти худро боз ҳам ҷоннок менамояд.
Бори дигар иди касбӣ муборак бошад!
Раиси суди нохияи Чалолиддини Балхи: Назариён А.Н.
Судяи суди нохияи Чалолиддини Балхи: Самандари К.
Суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 