Рўзи Парчам
Бахшида ба рўзи Парчам бо иштироки рохбарият, судяхо ва кормандони дастгохи суди нохияи Чалолиддини Балхи чорабинии тантанави баргузор гардид.
Сараввал раиси суд мухтарам Назариён А.Н. судяхо ва кормандони судро бо ин санаи фархунда табрик намуда, кайд намуданд, ки рўзи Парчам ба мо ёдрас мекунад, ки рохи устувори давлатдори харгиз осон набуд. Миллат рўзхои сангини чанг, ноамни ва бесарусомонихоро гузашта, ба мархилаи сулху субот расид. Дар хамин рох, Парчам хамчун рамзи ягонаги неруи маънавиро тахким бахшид, мардумро муттахид кард ва ба онхо итминон дод, ки Точикистони нав бояд тахти хамин нишонаи мукаддас бунёд ёбад.
Ин эхсос хамоно бо хар баланд шудани Парчам эхё мешавад: эхсоси ифтихор, эхсоси масъулият ва эхсоси он ки хар як шахрванди кишвар дар назди таърих ва оянда вазифадор аст, вазифадор барои ободкори, созандаги ва хифзи дастовардхои миллат.
Парчам нишонаи эхтиром ба арзишхои милли аст. Вакте мо ба Парчам арч мегузорем, дар асл ба худи давалат, ба хувияти миллии худ ва ба он ганчи пурхимате, ки аз падарону бобоён ба мо мерос мондааст, мухабату самимият доштанро нишон медихад.
.

Суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 