Бахшида ба соли маърифати хукуки.

Фармони Президенти Чумхурии Точикистон «Дар бораи соли маърифати хукуки» эълон намудани соли 2024 аз 30 декабри соли 2023 тахти №668 ба имзо расид. Максад аз ба тасвиб расидани фармони мазкур, баланд бардоштани сатхи маърифати хукукии шахрвандон, таргиби арзишхои демократи, мустахакам намудани институти хукуки инсон, муносибати эхтиромона бо он, баланд бардоштани макоми конун, тарбияи шахрвандон дар рухияи эхтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волояти конун, ташаккул додани низоми устувори рафтори хукуки, оштинопазири нисбат ба хама гуна хукуквайронкуни ва ногузир будани масъулияти хукуки ва ташкил намудани механизми самараноки хамкории давлат ва ниходхои чомеаи шахрванди дар самти маърифати хукукии шахрвандон мебошад.

Анчом додани тадбирхои зикргардида арзиши оли будани инсон, хукук ва озодихои уро таъмин намуда, ба эхтиром ва риояи Конситутсияи Чумхурии Точикистон, конунхо ва санадхои меъёрии хукукии дигар баланд бардоштани хисси ватандусти, таквияти рагбати шахрвандон ба донишхои сохаи хукук, васеъ намудани дастрасии шахрвандон ба иттилооти хукуки, иштироки фаъолонаи шахрвандон дар фаъолияти хукукэчодкуни ва паст гардидани сатхи хукуквайронкуни мусоидат мекунад.

Имруз кишвари мо муофики мукаррароти Конситутсияи Чумхурии Точикистон бо рохи барпо кардани давлати демократи, хукукбунёд ва дуняви бо камоли устуворию матонат кадам мезанад ва дар ин чода дар хама сохахои хаёти чамияти ба комёбихои калон ноил гардидааст.

Бояд тазаккур дод, ки пешрафти босуботи давлат ва чомеа, пеш аз хама, ба таъмини амният, волоияти конун, тахкими тартиботи чамияти ва риояи хукуку озодихои инсон ва шахрванд асос ёфта, имруз дар мамлакат вазъи хукукии тамоми сохахо бо санадхои меъёрии хукуки танзим мегардад.

Баланд бардоштани маърифати хукуки яке аз вазифахои мухиму аввалиндарачаи давлатхое мебошанд, ки рохи бунёди давлати демократи ва хукукбунёдро интихоб намудаанд. Чумхурии Точикистон  тибки кисми якуми моддаи 1-и Конститутсияи мамлакат давлати сохибихтиёр, демократи, хукукбунёд, дуняви ва ягона эълон шудааст. Арзишхои гуфташуда собит менамоянд,  ки дар таърихи инсоният онхо аз арзишхо дар самти таъмини хукуку озодихои инсон ва шахрванд бехтар дониста мешаванд.

Дар ин замина шахрвандонро зарур аст, ки бояд хукукхои худро донанд, дониши хукукиашонро сайкал диханд, аз хукукхои худ дифоъ намуда, аз имконияти мавчудае, ки давлат барои онхо фарохам овардааст, самаранок истифода кунанд.

Маърифати хукуки омили зарурии неруманде аст, ки ба сатхи умумии маърифатнокии шахс таъсири амик мегузорад. Он вазифахои танзимнамои, функсионали ва мутобикшавиро ичро намуда, имкон медихад, ки тавасути худтанзимнамоии рафтор шахс муносибаташро бо дигар субектхои муносибатхои чамъияти муаян намуда, мутобикшавии ичтимоию хукукиро дар дилхох мухит муваффакона ба сомон расонад. Хусусан вакте, ки сухан сари мутобикшави ба мухити ичтимои меравад, донишхои хукуки ахмияти хос пайдо менамоянд.

Вобаста ба накши маърифати хукуки дар таъминоти камолоти сиёсию хукукии чомеа метавон иброз намуд, ки он василаи мухими танзимкунандаи фаъолият ва рафтори шахс дар чомеа буда, махз тавассути меъёрхои азхуднамуда, донишхои хукукии азбарнамуда ва сатхи ичтимоишави шакли хоси муносибатхои чамияти дар шахс, гурух ва чомеа ташакул меёбад. Тавасути онхо волоияти конун таъмин гардида, шахс мустакилона муносибаташро ба раванду ходисоти гуногун муаян мекунад. Чанбаи мухими ин муносибатхо дар чавхари конунмехрвари онхо мебошад. Ин омил дар замони муосир вижаги ва ахмияти хос дорад. Махз сатхи баланди маърифати хукуки, доираи васеи донишхои хукуки ва шуури хукуки яке аз ченакхои муарифкунанда дар рохи ташаккули чомеаи хукукбунёд ва демократи мебошад.